Дар яке аз дидбонгоҳҳои дастаи сарҳадбонони Хоруғ санаи 9 декабр ҳодисаи фоҷеабор рух дод: аз аслиҳаи хизматии худ – автомати Калашников сарбоз лейтенати 22-соларо парронд, ки дар натиҷа афсар дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд. Сарбоз боздошт шудааст.

Як манбаъ дар сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар дод, ки аз рӯи далели куштори афсар бо истифода аз аслиҳаи оташфишон дар Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон тафтишот оғоз шуда, сабабҳои ин ҳодисаи фоҷеабор мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, дар маркази матбуоти Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон аз шарҳу тавзеҳи маълумоти мазкур худдорӣ варзиданд.

“Ҳа, ин ҳодиса рух дод”, - изҳор доштанд ба “Азия-Плюс” дар маркази матбуоти Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ, вале шарҳи ҷузъиёти онро рад карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.