Наҷотбахшони тоҷик ду ҳафта мешавад, ки ҷасади полковники бознишаста Саъдӣ Холмуродовро пайдо карда наметавонанд. Ӯ 15 декабр дар дарёи Вахш ғарқ шуда буд.

“Наҷотбахшони КҲФ-и Тоҷикистон дар шаҳри Норак ҷасади марди ғарқшударо ҷустуҷӯ доранд”, - хабар дод сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Бино ба гуфтаи номбурда, Саъдӣ Холмуродови 56-сола рӯзи 15 декабр дар дарёи Вахш, наздикии обанбори нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ғарқ шудааст.

Тибқи фарзияҳои пешакӣ, ин ҳодиса бар асари беэҳтиётии Саъдӣ Холмуродов рух додааст.

“Айни замон наҷотдиҳандагони Хадамоти Кумита ҷасади ӯро дар шаҳри Норак ҷустуҷӯ доранд”, - гуфт Умеда Юсуфӣ.

Саъдӣ Холмуродов, полковники бознишаста бештар бо номи “Саъдӣ-командир” маъруф буда, замоне муовини генерали марҳум Суҳроб Қосимов буд.