Баъди се рӯзи фурӯравии як қисмати бинои баландошёна дар Магнитогорск аз зери харобаҳои он ҷасадҳои тоҷикистониён – модар ва се кӯдакаш дарёфт шуд.

“Часади Раҷабмо Исоева ва се кӯдакаш дарёфт шуд. Хешовандонашон онҳоро шинохтанд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” Сайфулло Сафаров, консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург.

Бино ба гуфтаи ӯ, ҷасадҳои онҳо шаби гузашта дарёфт шуда, танҳо ҳамин рӯз пайвандонашонро барои муайян кардани шахсияти ҷасадҳо даъват кардаанд. Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки айни замон масъалаи ба ватан фиристодани ҷасадҳо мавриди баррасӣ қарор дошта, рӯзҳои наздик ҷасадҳояшон ба Тоҷикистон фиристода мешавад.

Оилаи Улфатовҳо: Исоева Раҷабмо, Шуҳрат Улфатов, Фотима Улфатова, Муҳаммад Улфатов ва Аҳмад Улфатов
Акс Коллаж

Ёдрас мекунем, ки падари ин хонавода – сокини 26-солаи ноҳияи Кӯшониён Шуҳрат Улфатовро аз аввалинҳо шуда, дар зери харобаҳои бино дарёфтанд. Ӯ дар беморхонаи вилояти Челябинск бистарӣ аст.

Бино ба маълумоти охир, аз оғози амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотбахшӣ 43 нафар аз зери харобаҳо берун гирифта шудаанд, ки 37 нафарашон, аз ҷумла 6 нафар кӯдакон ҳалок ва 6 нафари дигар, аз ҷумла ду нафар кӯдакон наҷот дода шудаанд. Макони будубоши боз 4 нафари дигар муайян карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 31 декабр яке аз даромадгоҳҳои бинои баландошёна дар Магнитогорск фурӯ рехт. Фарзияи пешакии рух додани ҳодиса таркиши газ унвон мешавад. Бар асари он 48 манзил осеб дид.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.