Бар асари боришоти пайдарпайи шадид дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон хатари фаромадани тарма ва сангрезаву кӯҳпораҳо вуҷуд дорад. Вазъ бештар дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Сангвор ва Хоруғ – Ишкошим душвор аст.

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон ва Шуғнону Ишкошими ВМКБ, ҳамчунин ноҳияи Сангвор ҳолатҳои фаромадани тармаву сангреза ва кӯҳпораҳо ба қайд гирифта шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиии назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ.

Барои тозакунии роҳ аз ҷониби хадамоти истифодаи роҳи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ техникаи махсус сафарбар шудааст.

Барфрезиҳои шадиди шабонарӯзи охир ба резиши сангу кӯҳпора дар километри 282-юми роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ боис гардид: ин ҳодиса дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рух дод.

Барои анҷоми корҳои махсуси тозакунии роҳ аз барфрезаву сангу кӯҳпора ҳаракат дар ин қитъаи роҳи мазкур муваққатан қатъ шуд.

Барои корҳои тозакунии роҳ 4 адад техникаи махсуси Вазорати нақлиёт, ҳамчунин дастаи зудамали наҷотдиҳандагони ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сафарбар шуданд.

Дар се мавзеи ин қитъаи роҳ ярчу сангпора рехта, дарозии кӯҳпораи бузургтарин қариб 100 метрро ташкил медиҳад ва ҳудуди 2 ҳазор метри мукааб сангу лой ба роҳ рехт.

Қарибиҳои шаб роҳсозон ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда корҳои тозакунии роҳро ба анҷом расонида, ҳаракати нақлиётро дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ барқарор намуданд.

Ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати воситаи нақлиёт ва амнияти ронандагон, ҳамчунин кумак дар ҳолатҳои ғайримунтазира, қитъаҳои гуногуни роҳ мунтазам зери назорати наҷотдиҳандагони дастаҳои зудамали КҲФ қарор доранд.

Дар ин робита, Кумита бори дигар аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки эҳтиёткориву ҳушёриро аз даст надода, мувофиқи имкон аз сафар ва истифодаи воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои дорои хатари фаромадани тарма ва сангрезаҳо худдорӣ намоянд.

Дар сурати ба вуҷуд омадани вазъи фавқулода ё рух додани ягон ҳодисаи нохуш шаҳрвандон метавонанд ба телефонҳои зерини навбатдори фаврии КҲФ муроҷиат намоянд: 93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.