Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини шаффофияти хароҷоти воситаҳои буҷет дастур дода мешавад, ки ҳар семоҳаи сол дар сомонаи интернетии Вазорати молия дар бораи рафти иҷрои қисмати даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2019 маълумот ба нашр расонида шавад. Истисно танҳо маълумоти махфӣ аст.
Дар боби “Буҷет” дар сомонаи Вазорати молия маълумоти бештар “нав”-ро оид ба иҷрои буҷет метавон аз “Гузориши нимсолаи иҷрои буҷети давлатӣ дар нимсолаи 1-уми соли 2018”иборат аз 17 саҳифа дастрас намуд.
Ба сурати умум, вазъи дастрасӣ ба маълумот дар бораи буҷет дар Тоҷикистон начандон қобили қабул аст: Вазорати молия натанҳо аз нашри саривақтии маълумот дар бораи буҷет дар сомонаи худ худдорӣ мекунад, балки дархостҳои дахлдори рӯзноманигоронро низ дар ин хусус нодида мегирад.
Буҷети давлатии соли 2019 охири моҳи ноябр аз ҷониби парлумон қабул шуд. Ҳаҷми умумии қисмати даромади буҷети соли равон ба маблағи 23,8 млрд. сомонӣ муқаррар шудааст. Аз сеяки он беш аз ду ҳиссашро воридоти маблағҳо аз андоз ташкил медиҳанд.
Ҳаҷми умумии қисмати хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2019 ба маблағи наздики 24,2 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Қисмати хароҷоти Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019 дар инфографикаи мо:
Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста