Чанде аз васоити ахбори умум санаи 20 январ дар бораи худро парронидани сарбози 19-сола Исфандиёри Мирзоҳасан дар қисми низомии наздикии Ҳисор маълумот доданд.

Зикр гардида буд, ки ин сарбоз зодаи деҳаи Дарғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд буда, моҳи апрели соли 2018 ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст.

“Рӯзи 19 январ ӯ аз зери манаҳаш худро парронид. Ба қавли шоҳидон, тир аз тамоми сараш гузаштааст. Сарбоз дар роҳ ба госпитали ҳарбӣ дар Душанбе ҳалок шуда, 20 январ ҷасади ӯро дар зодгоҳаш – деҳаи Дарғ ба хок супурданд”, - гуфта мешуд дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, котиби матбуотии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон подполковник Муҳаммад Улуғхоҷаев ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки дар наздикии Ҳисор қисми низомии алоқаи марзбонон воқеъ буда, лекин дар он ҷо “ба ин ному насаб сарбоз хизмат накардааст”.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ ин хабарро расман рад кард.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола 15-16 ҳазор сарбозони нав ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват мешаванд. Шумори шахсони мувофиқ ба синнусоли даъват ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.