Субҳи имрӯз дар Тоҷикистон заминларза рух дод. Соати 9:33 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар ҳодисаи заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, маркази заминларза дар 10 километрии шарқи пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе сабт шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, қувваи заминларза дар маркази он 4 балл ва дар шаҳри Душанбе – 3-4 баллро ташкил додааст.

Дар бораи харобиҳо ва талафоти ҷонӣ бар асаари он маълумот дода намешавад.

Хабар мавриди навсозӣ қарор дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.