Хонандаи синфи 9-уми мактаби таҳсилоти умумии №90 ноҳияи Рӯдакӣ Сироҷиддин Раҷабов аз таркиши тири гранатомёт (норинҷакафкан), ки санаи 3 феврал дар қаламрави машқгоҳи ҳарбии Лоҳур ёфта буд, ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

“Наврас тири кӯҳнаи гранатомётро бо мақсади оҳанпораи он ба санг мезанад, ки дар натиҷа таркиш рух дода, аз ҷароҳатҳои бардошта Раҷабов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - хабар медиҳад ВКД.

Дар маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон ҳамчунин қайд карданд, ки наврас ба машқгоҳ барои ҷамъоварии оҳанпора рафта будааст.

Зимнан зикр гардид, ки ин далел мавриди тафтишу таҳқиқ қарор дорад.

Машқгоҳи ҳарбии Лоҳур дар 15 километрии ҷанбуи Душанбе воқеъ аст. Мувофиқи созишномаи баимзорасида байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия моҳи октябри соли 2012, дар давраи дар қаламрави Тоҷикистон ҳузур доштани пойгоҳи низомии 201-уми Русия (то соли 2042), тамрингоҳи Лоҳур ҷиҳати баргузории таълиму машқҳо ба ин пойгоҳ дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.