Дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ронандаи 63-солаи мошини боркунанда (автопогрузчик) Туғён Умаров зери тарма монда, ҳалок шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти филиали ширкати Innovative Road Solutions (IRS) дар Тоҷикистон.

Ин ҳодиса рӯзи 13 феврал дар километри 65-уми роҳ, 8 километр поёнтар аз нақби “Итсиқлол” рух дода, техникаи роҳнигоҳдории тамғаи ZL-50 таҳти идораи фавтида зери тарма мондааст.

“Ҷасади ӯро аз зери тарма берун оварда, ба ихтиёри пайвандону наздиконаш ба деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб фиристодем”, - хабар доданд дар IRS.

Қобили зикр аст, ки бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва бениҳоят зиёд будани хавфи тармафароӣ, рӯзи 13 феврал ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз километри 47-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81-ум ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шуд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, вазъият дар роҳи мазкур хеле душвор боқӣ мемонад.

“Ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи Душанбе-Хуҷанд алҳол иҷоза нест, - хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода УмедаЮсуфӣ. – Хатари тармафароиҳои нави имконпазир бенищоят зиёд аст”.

Алҳол маълум нест, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ин шоҳроҳ кай барқарор карда мешавад.

Дар ин робита, Кумита ҳолатҳои фавқулода боисрор аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар дархост мекунад, ки бидуни зарурати муҳим аз сафар тариқи роҳҳои пурхатар дар минтақаҳои кӯҳистон худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода ё рух додани кадом як ҳодисаи ногувор дар роҳҳои автомобилгард, шаҳрвандони кишвар метавонанд ба телефонҳои зерини навбатдори фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода муроҷиат намоянд: :  93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.