Сокини деҳаи Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан, марди 52-сола рӯзи 14 феврал аз ҷониби кормандони милитсия бо далели куштори бераҳмона боздошт шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми муноқиша бо келинаш, ҷавонзани 27-сола ӯ ба ҷисми ҷавонзан бо табар 6-маротиба зарба задааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа, келинаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи дахлдори Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикитсон, соли гузашта дар кишвар 86 ҳодисаи куштор ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.