Шоми рӯзи 17 феврал дар ноҳияи Данғара садамаи нақлиёт рух дода, ду автомашинаи сабукрав ба ҳамдигар бархӯрданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, Абдуғаффор Маҷидови 47-сола, сокини ноҳияи Фархор ҳангоми ҳаракат бо автомашинаи тамғаи “БМВ” дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи “Мерседес” таҳти идораи сокини 28-солаи ноҳияи Данғара Ҷаҳонгир Холматов бармехӯрад.

Гуфта мешавад, бар асари бархӯрд ронандагони ҳарду автомашина – Маҷидов ва Холматов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мусофирзани “БМВ” Зебуннисо Назарова, соли таваллудаш 1956, сокини ноҳияи Фархор ва мусофири “Мерседес” Илҳом Сулаймонов, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Данғара аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон ҳалок шудаанд.

Боз ду нафар мусофирони дигар – Нурмаҳмад Эшмуродови 29-сола ва Сайлигул Азимоваи 30-сола бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Зикр мегардад, ки ҳодисаи мазкур мавриди санҷиш қарор дошта, сабабҳо ва ҳолатҳои рух додани садамаи нақлиёт таҳқиқ мешаванд.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 285 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 396 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 357 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисонӣ бардоштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.