Ҳангоми кор дар ин масҷид, зинапоя ба замин афтодааст ва сохтмончиён аз баландии 60 метр сарозер шудаанд.

“Касе ҳалок нашудааст. Нӯҳ нафар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаҳои Душанбе бистарӣ карда шудаанд”,- гуфт сардори хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ.

Ба иттилои Умеда Юсуфӣ, кормандони Кумитаи мазкур ба ҷойи ҳодиса рафта, нафарони зери вайрона мондаро наҷот додаанд. Ҳамаи ҷароҳатбардоштагон дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ карда шудаанд.

Дар мавриди вазъи саломатии ҷароҳатбардоштагон маълумоти пурра дастрас нест, аммо бино ба гуфтаи У. Юсуфӣ яке аз ҷароҳатбардоштагон аз бистарӣ гардидан худдорӣ намуда, гуфтааст, ки худро хуб ҳис мекунад.

Масҷиди мазкур, ки гуфта мешавад бузургтарин дар минтақаи Осиёи Миёна хоҳад буд, дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, барои намозгузории аз 113 ҳазор то 150 000 нафар пешбинӣ шудааст. Ин масҷид, ки дар маркази Душанбе бунёд мешавад, аз 4 манораи баландиаш 75-метрӣ ва як гунбази 47-метрӣ иборат аст.

Хишти аввали сохтмони ин масҷидро Президент Эмомалӣ Раҳмон соли 2009, дар арафаи таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, гузошта ва моҳҳои феврал ва ноябри соли гузашта низ аз маҳалли сохтмон боздид карда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.