Ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, сокини 30-солаи шаҳри Ҳисор Саъдӣ Раҳимов, субҳи 26 феврал, дар маркази Ҳисор аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагард – зани 38-сола ва писари 7-солаи ӯро пахш кардааст.

Дар натиҷа, аз сабаби бардоштани ҷароҳатҳои вазнин, зан ва писари ӯ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд, гуфта мешавад дар иттилое, ки аз маркази матбуоти ВКД дастрас гардид.

Вобаста ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардида, таҳқиқот идома дорад.

Бино ба маълумоти ВКД, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 285 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷаи он, 395 нафар ҳалок шуда, 1 ҳазору 357 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.