Сокини 17-солаи кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ба ШВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо ариза муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки рӯзи 28 феврал наврасон ба ӯ дарафтода, бо корд зарба задаанд.

Бино ба гуфтаи ӯ, тахминан соатҳои 18-и бегоҳ дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ ду нафар навраси ба ӯ номаълум бидуни ягон сабаб аввал ба таҳқири ӯ пардохта, сипас ӯро лату кӯб ва бо корд чанд зарба задаанд.

Маркази матбуоти РВКД Душанбе хабар медиҳад, ки ба ҷабрдида бо корд дар маҷмӯъ 5 зарба зада шуда, дар натиҷа ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон оварда шудааст.

Аз рӯйи ин далел корҳои фаврии тафтишотӣ ба роҳ монда шуда, кормандони милитсия ҷинояткорони эҳтимолиро ҷустуҷӯ доранд.

Тибқи маълумоти РВКД, соли гузашта дар шаҳри Душанбе 261 ҷинояти аз ҷониби 163 нафар ноболиғон содиршуда (соли 2017 – 96 ҷиноят) ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумор 95 нафари 134 ҷиноят содиркарда сокинони пойтахт мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.