Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳууқуқи вилояти Хатлон хабар дод, ҷанҷол байни ду гурӯҳ дар мавзеи назди бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар ба тирпарронӣ бадал шудааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, муноқиша гӯё барои қарзи пулӣ сар зада, лекин дар бораи кадом қарзҳо сухан меравад, чизе гуфта нашуд.

“Дар натиҷа яке аз иштирокчиёни муноқиша – сокини маҳаллӣ Бахтовар Саъдуллоев аз силоҳи пневматикӣ захм гирифт”, - иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои як манбаъ дар беморхонаи вилоят ба номи Бӯрихон Воҳидов, се нафар ҷабрдидагон аз ин ҷанҷол ба онҳо муроҷиат намудаанд.

“Бахтовар Саъдуллоев аз силоҳи оташфишон захм гирифта, ду тани дигар – Довар Солеҳов ва Масрур Солеҳзода ҷароҳатҳои начандон ҷиддӣ бардоштаанд. Бахтовар аз қисмати шикамаш захмӣ шуда, вазъи солимии ӯ айни замон муътадил арзёбӣ мешавад. Довар Солеҳов ва Масрур Солеҳзода пас аз муоинаи табиб ва расонидани кумаки тиббӣ аз бистарӣ шудан дар бемористон даст кашиданд”, - илова кард манбаъ.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва вилоят алҳол дар ин хусус маълумоти расмӣ надодаанд, аммо манбаи мо иттилоъ дод, ки прокуратура таҳқиқи ҳодисаи мазкурро шурӯъ намудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.