Ба навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукуумати Тоҷикистон аввали ҳафтаи равон занги телефонӣ расидааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, сокини ваҳшатзадаи ҷамоати Оқсӯи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон хабар дод, ки фарзандони вай субҳи бармаҳал ба кӯҳ рафтаву то ҳол барнагаштаанд. Ин модари парешон мегуфт, ки аз сарнавишти ҷигарбандонаш нигарон аст, чун ба зангҳои телефонии ӯ низ посухе аз онҳо намерасад.

Гуфта мешавад, баъди дарёфти ин хабар наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъи КҲФ дар шаҳри Кӯлоб фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд. Наҷотдиҳандагон бачаҳои ин хонумро пайдо карданд. Маълум шуд, ки онҳо дар баландии 80-100 метр мавзеъи куҳӣ ҷой гирифтаанд ва ин макон дар наздикии рустои Иғони ноҳияи Данғара мебошад.

“Се ҷавонписар, ки ду нафари онҳо ноболиғони 12-13 сола будаанд, хостаанд ба баландии кӯҳ боло шаванд, вале баъдан натавонистаанд мустақилона поин оянд, - омадааст дар маълумот. - Наҷотдиҳандагон бо ёрии таҷҳизоти кӯҳгардӣ онҳоро аз болои ба поин оварданд. Ба саломатиашон чизе таҳдид намекард, бачаҳо каме тарсида буданд”.

Дар иртибот ба ҳамин рӯйдод КҲФ ба сокинон хотиррасон мекунад, ки хеле эҳтиёткор бошанд. Қоидаҳои бехатарии кӯҳбароӣ ва сайругашт дар мавзеъҳои куҳиро риоя намоянд. Агар шумо мехоҳед кӯҳ бароед, пас бо худ ҳатман телефоне гиред, ки фаъол бошад, либосҳои гарм дошта бошед, чун баландиҳо ҳоло ҳам ҳавои сард доранд, ҳамчунин бо худ гирифтани об ва ғизо басо зарур аст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳоли рӯ ба рӯ шудан ба ин ё он ҳолати фавқулодда шаҳрвандони кишвар метавонанд то белефонҳои қисми навбатдорӣ: 221 13 31; 221 19 91 ва ё 93 880 23 16 муроҷиат намоянд.