Шоми рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда ронандаи автомашинаи Volkswagen Golf, сокини Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чароғаки раҳнамои канори роҳ бархӯрд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, автомашинаи сокини 28-солаи пойтахт Фаррух Каримов  ба чароғаки раҳнамо ва сутуни камераи мушоҳидавӣ дар чорроҳаи Рӯдакӣ – Шоҳтемур бархӯрдааст.


Гуфта мешавад, бар асари ин ҳодиса худи ронанда осебе надида, чароғаки раҳнамо ва камераи мушоҳидавӣ шикаста ва корношоям гардидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса маводҳои лозима тартиб дода шуда, ҷиҳати маълум намудани сабабу омилҳои он таҳқиқ идома дорад.


Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Раёсати ВКД Душанбе дар ин робита хабар дод, ҳангоми рух додани садамаи нақлиёт ронадаи автомашина дар ҳолати мастӣ қарор надоштааст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.