Сокини деҳаи Баҳористони ҷамоати Сешанбеи шаҳри Турсунзода Азиз Қулови 16-сола бар асари борони сахти субҳи 21-уми апрел ва омадани сел ба ҳалокат расидааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории Турсунзода.

Наврас дар адир ба чаронидани чорво машғул буда, талош кардааст, ки чорвои дар маҷрои сел ғарқшударо наҷот диҳад. Часади ӯ баъди чанд соат дарёфт шудааст.

Дар қаламрави шаҳри Душанбе дар натиҷаи шамоли сахт дарахт ба болои автомашинаи «Daewoo Tico» афтода, мусофири автомашина дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва ронанда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Гурӯҳи задамали наҷотбахшони Кумита дар шаҳри Душанбе ҷасади мусофири ҳалокшуда ва ронандаи ҷароҳатбардоштаро аз дохили автомашина берун овардаанд.

Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ огоҳ карда буд, ки тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, то охири моҳи апрел дар қаламрави мамлакат обуҳавои номусоид боқӣ мемонад.

Пайваставу пуршиддат боридани борон метавонад ба лағзиши тарма, омадани сел ва резиши санг сабаб шавад. Ҳавои номусоид метавонад ба чаронидани чорво дар даштҳо ва чарогоҳҳои кӯҳӣ мушкил эҷод кунад.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинони мамлакат ва меҳмонон хоҳиш  кард, ки дар ин рӯзҳо бештар эҳтиёткор буда, чораҳои бехатариро риоя намоянд, аз сафар ба кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ мерӯянд, худдорӣ кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.