Дар ноҳияи Варзоб лагери кӯдаконаи истироҳати ВКД Тоҷикистон осеб дид. Вазорат барои кумак ба ташкилотҳои хориҷӣ муроҷиат намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел лагери кӯдаконаи Вазорати корҳои дохилӣ дар 53-юм километри минтақаи Сиёмаи ноҳияи Варзоб осеб дидааст.

Гуфта мешавад, бар асари ин офати табиӣ се бино хароб гашта, пайроҳаҳо ва роҳҳои лагер пурра аз кор баромадааст.

1/3

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои кӯмак ҷиҳати анҷоми корҳои таъмиру барқарорсозии истироҳатгоҳи кӯдакона ба ташкилотҳои хориҷӣ муроҷиат намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.