Дар натиҷаи борони шиддатноки рӯзи 24 апрел ва омадани сел ду нафар сокинони ноҳияи Файзобод ба ҳалокат расиданд, ки ба подабонӣ машғул буданд.

Яке аз ҳалокшудагон сокини 54-солаи деҳаи Сайидони ноҳияи Файзобод Махсуми Саид ва дигарӣ навраси 14-сола будаст.

Боз як нафари дигар, мусофири 40-солаи автомашинаи тамғаи Toyota Prado, ки ба Хуҷанд мерафт, дар километри 155-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чанок бар асари сангфароӣ ҳалок шудааст. Ҷасади ҳалокшударо аз автомашина гурӯҳи зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Зарафшон берун овардаанд.

Давоми шабонарӯзи гузашта селфароиҳо ба фаромадани сангрезаву кӯҳпораҳо дар қитъаҳои гуногуни ин роҳ боис гардиданд. Ҳодисаҳои селфароиву сангреза дар қитҳаҳои роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Дарвоз, Душанбе-Рашт-Лахш, ҳамчунин дар қаламрави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ ба қайд гирифта шудааст. Айни замон қитъаҳои роҳ тоза шуда, дар реҷаи муқаррарӣ кор мекунанд, лекин эҳтимоли зиёди такрори омадани сел ва сангреза боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол, ба хотири коҳиши хатарҳои офати табиӣ, бо қарори комиссияи ҳолатҳои фвақулодаи ноҳияи Рӯдакӣ аҳолии 5 деҳаи ҷамоати шаҳраки ба номи М.Турсунзода ва 2 деҳаи ҷамоати Зайнабобод ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.

Ҳамчунин бо қарори комиссияи шаҳри Ҳисор 60 оила аз қитъаҳои хатарноки деҳаи Кӯҳнабой ба макони амн бурда шуданд. Дар маҷмӯъ наздики 6 ҳазор нафар аҳолӣ ба макони амну бехавф кӯчонида шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфӣ.

Тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, ҳавои номусоид дар қаламрави мамлакат то охири моҳи апрел боқӣ мемонад. Пайваставу пуршиддат боридани борон метавонад ба лағзиши тарма, омадани сел ва резиши санг сабаб шавад. Ҳавои номусоид метавонад ба чаронидани чорво дар даштҳо ва чарогоҳҳои кӯҳӣ мушкил эҷод кунад.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинони мамлакат ва меҳмонон хоҳиш  мекунад дар ин рӯзҳо бештар эҳтиёткор бошанд ва чораҳои бехатариро риоя намоянд, аз сафар ба кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ мерӯянд, худдорӣ намоянд. Ҳангоми рафтан ба манотиқи кӯҳӣ талош кунед бо худ телефони мобилӣ дошта бошед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.