Дар муассисаи ислоҳии №3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар Ваҳдат санаи 19 май байни маҳбусон ва нозирони муассиса задухӯрд ба амал омад.

Тибқи маълумоти маркази матбуоти Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, соати 20:30 дақиқаи рӯзи якшанбе 50 нафар маҳбусони хатарнок, ки барои пайравӣ ба “Давлати исломӣ” маҳкум шудаанд, бо корду дигар асосбҳои буранда мусаллаҳ шуда, 3 корманди муассисаро гаравгон гирифта, сипас онҳоро куштаанд.

“Дархости кормандони муассисаро дар мавриди қатъи бетартибиҳо ва риояи қонун ошӯбгарон қатъиян рад намуда, таъҷилан аз зиндон озод карданашонро талаб кардаанд. Дар ҷараёни гуфтушунид миёни худи ҷинояткорон муноқиша ва задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, онҳо бо корду дигар ашёи тезу бурандаи доштаашон ба кормандони муассиса ҳуҷум ва чанд нафари онҳоро захмдор карданд”, - қайд мешавад дар маълумоти маркази матбуоти Вазорат.

Дар натиҷаи “андешидани чораҳои таъхирнопазири қонунӣ оид ба таъмини тартиботи дохилӣ дар муассиса, байни ошӯбгарони ниҳоят хатарнок талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шуд.  Айни замон вазъ муътадил буда, пурра зери назорат аст”.

Муассисаи ислоҳии №3/3, бештар маъруф бо номи “Кирпичний” дар шаҳраки Роҳатӣ дар ноҳияи Ваҳдат, 15 километрии шарқи Душанбе воқеъ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.