Раиси хоҷагии деҳқони “Мирзоодил”-и ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар куштори бародараш боздошт шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, сокини 37-солаи ноҳия бо бародари 28-солааш ба муноқишаву ҷанҷол пардохта, якдигарро лату кӯб мекунанд.

“Баъдан бародари калонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Старекс”, корди хоҷагиро гирифта, 1-маротиба ба қафаси синаи бародараш задааст, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодаса ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар маълумоти ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки марди 37-сола аз ҷониби кормандони милитсия дастгир ва нисбаташ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.