Бар асари фурӯ рехтани зинаҳои чӯбӣ (опалубок) дар сохтмони истироҳатгоҳ ва автодроми "Игора -Драйв” дар ноҳияи Приозерйеи вилояти Ленинград 7 коргар зери чӯбу тахта монданд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили “Ахбор”, ҳамаи осебдидаҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Ду нафари онҳоро бо чархболи "МЕДСПАС” ба бемористони вилоятии Ленинград ва 5 нафари дигарро ба бемористони клиникии Всеволожск интиқол додаанд.

Гуфта мешавад, фоҷиа дар сохтмони истироҳатгоҳи "Игора” ва автодроми "Игора-Драйв” рӯзи 27 май, соати 12:25 рух додааст.

Ҳангоми адои корҳои сохтмонӣ зинаҳои чӯбӣ (опалубок) шикаста, фурӯ мерезад ва дар натиҷа мардикороне, ки дар ин сохтмон кор мекарданд, зери бори чӯб монданд.

Раёсати МЧС-и вилояти Ленинград барои амалиёти наҷот 46 наҷотбахш ва 20 мошину чархболро ҷалб кард ва алакай соати 12:40 ҳамаи 7 коргарро аз зери чӯб берун кашиданд. Ҳамаи онҳо зодагони Тоҷикистон будаанд. Ду нафар аз мардикорони осебдидаро тавассути чархболи МЕДСПАС ба бемористони вилоятии Ленинград интиқол дода, 5 тани дигарро дар бемористони клиникии байниноҳиявии Всеволожск хобондаанд.

1/7

Амалиёти наҷот, ба гуфтаи мақомоти МЧС, соати 16:15 ба анҷом расидааст.

Татяна Тюрина, сартабиби бемористони вилоятии Ленинград дар мусоҳиба бо ТВ "Мир” вазъи се нафар аз мардикорони тоҷики маҷруҳро вазнин номидааст: "Яке аз онҳоро сутунмуҳрааш шикастааст ва мағзи сараш ҷунбидааст. Дуюмӣ ҳам сутунмуҳрааш шикастааст ва ҳам устухони миёнаш. Ва ҳамин чанде пеш маҷруҳи сеюмро оварданд, ки дар вазъи ташвишоваре қарор дорад ва ба ин хотир, ӯро бидуни ташхис рост ба шуъбаи ҷарроҳӣ бурданд.”

Дар робита ба ҷароҳат бардоштани 7 коргар дар маҳалли сохтмони автодроми "Игора-Драйв” раёсати тафтишоти вилояти Ленинград тафтишро оғоз карда, як гуруҳи муфаттишонро ба ҷои ҳодиса фиристодааст.