Миёни осебдидагон дар маҳалли сохтмони фароғатгоҳ дар вилояти Ленинград танҳо як нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Тавре котиби матбуоти Намояндагии Намояндагии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират Иброҳим Аҳмадов хабар дод, санаи 27 майи соли 2019 дар маҳалли сохтмони фароғатгоҳи “Игора-Драйв”, воқеъ дар ноҳияи Призоерскии вилояти Ленинград бар асари чаппа шудани зинаҳои чӯбӣ (опалубка) 7 коргар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд.

Бинои ба гуфтаи ӯ, ВАО-и минтақавӣ иттилоъ доданд, ки коргарони осебдида, муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёӣ Марказӣ буда, 3 нафарашон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

“Баъди расидани иттилоъ корманди дар минтақа сафарбаршудаи Намояндагӣ муайян кард, ки танҳо як нафар аз муҳоҷирони осебдида шаҳрванди Тоҷикистон буда, ин шахс сокини 28-солаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Саидзода Музробиддини аст ва айни замон дар беморхона табобат мегирад”, - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки дар суҳбат бо корманди Намояндагӣ табибон вазъи саломатии муҳоҷири тоҷикро хуб арзёбӣ намуда, изҳор доштаанд, ки ҷароҳатҳои бардошта ба ҳаёти ӯ хатари ҷиддӣ надорад. Намояндагӣ ҳодисаи мазкурро пайгирӣ менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.