Дар қаламрави ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъ рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда ду автомашинаи тамғаи Opel ба ҳамдигар бархӯрданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, автомашинаҳо таҳти идораи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ Қурбоналӣ Абдураҳимови 51-сола ва сокини ноҳияи Данғара Маҳмадӣ Нусратови 23-сола қарор дошта, Абдураҳимов гунаҳкори садама дониста шудааст.

Гуфта мешавад, 4 нафар мусофирони автомашинаҳо - Раҳим Абдураҳимови 2-сола ва додари 1-солаи ӯ, ҳамчунин Азизулло Нусратови 64-сола ва духтари 37-солаи ӯ Озода дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ронандагони автомашинаҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.