Дар шаҳри Конибодом як наҳр дар деҳаи Шӯрқурғон аз соҳилаш баромада, гӯристони деҳаро зери об кардааст. Дар натиҷа чандин оромгоҳҳо фурӯ рафтаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” тариқи телефон як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳр.

Бино ба гуфтаи ӯ, мақомоти шаҳрдорӣ ва умури дин ният доранд, ки то бегоҳи имрӯз қабрҳои фурӯрафтаро барқарор кунанд. Дар назди мақомоти шаҳрдорӣ оид ба муайян кардани ҳаҷми зиён ва рафъи оқибатҳои офати табиӣ ситод ташкил шудааст.

Ғайр аз ин, дар бисёре аз деҳаҳои Конибодом низ харобшавии манзилу биноҳои хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шуда, ба садҳо гектар майдони заминҳои кишоварзӣ зарар расидааст.

Сел ба 55 манзили сокинони маҳаллӣ осеб расонидааст, ки дубора барқарор кардани аксари онҳо ғайриимкон аст.

Имрӯзҳо дар қаламрави кишвар обуҳавои номусоид боқӣ монда, чанд рӯзи охир обуҳавои сербориш ба омадани сел дар ҳудуди як қатор минтақаҳои кишвар боис гардид.

Рӯзи 3 июн сел ба заминҳои кишт, роҳҳои мошингард ва қитъаи заминҳои наздиҳавлигии сокинони ноҳияҳои Восеъ ва Фархор зиёни ҷиддӣ расонид. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, ҳавои номусоид дар қаламрави мамлакат то 7 июн боқӣ мемонад. Пайваставу пуршиддат боридани борон метавонад ба лағзиши тарма, омадани сел, резиши санг, болоравии сатҳи оби дарёву обанборҳо, шусташавии соҳилҳои кӯлу дарёҳо сабаб шавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ боисрор аз аҳолӣ дархост мекунад, ки аз сафару сайру саёҳат ба қитъаҳои дорои хатари тармафароӣ, ҷамъоварии растанӣ дар кӯҳҳо худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.