Боришоти зиёду пуршиддат давоми чанд рӯзи охир ба ҳодисаҳои селфароӣ дар як қатор ноҳияҳои Тоҷикистон боис гардиданд.

Дар деҳаи Рӯзи Обноки ҷамоати Ёваи шаҳри Панҷакент, ки аз шаҳр начандон дур воқеъ аст, рӯзи 4 июн сели пурдаҳшат омада, як манзилро комилан вайрон кард. Дар натиҷа ду нафар сокинони шаҳри Душанбе, ки дар меҳмонии хешовандонашон қарор доштанд, ҳалок шуданд.

Айни замон корҳои ҷустуҷӯи марди 55-сола, ки ҳангоми рух додани офати табиӣ гум шудааст, идома дорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Маҷрои селу лойқа дар Панҷакент
akhbor.com

Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Панҷакент ва наҷотдиҳандагони Гурӯҳи зудамали КҲФ дар минтақаи Зарафшон дар ҷойи ҳодиса машғули коранд.

Cел дар Панҷакент
akhbor.com

Бино ба гуфтаи Юсуфӣ, рӯзи 5 июн бар асари борони пуршиддат дар деҳаи Оби Шифои ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ сел омада, дар натиҷа 80 қитъаи заминҳои наздиҳавлигиии аҳолӣ зери об мондааст. Ғайр аз ин, сел ба заминҳои кишт ва роҳи мошингард низ осеб расонидааст. Хушабхтона, талафоти ҷонӣ нест.

Барои ташкили кор оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офати табиӣ муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода генерал-майор Рустам Шоҳиён дар маҳалли ҳодиса қарор дорад.

Ба хотири наҷоти ҳаёти одамон бо қарори комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Рӯдакӣ тасмим гирифта шудааст, ки аҳолии ин ҷамоат ба макону авмну бехавф кӯчонида шаванд.

Барои тоза кардани маҳалҳои селзада техникаи махсус, наҷотдиҳандагон ва афсарону сарбозони қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷалб шудаанд.

Бино ба маълумоти Кумита бо истинод ба Агентии ҳавошиносии кишвар, то 7-уми июн дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид боқӣ мемонад, боронҳои пуршиддат идома мекунанд.

Вобаста ба боришҳои пайдарпай ва гармтар шудани ҳаво, барфҳо дар кӯҳҳо об мешаванд, ки метавонад хоки теппаҳоро ба ҳаракат оварда, ба болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, махзанҳои об ва берун шудани об аз соҳилҳои маъмулӣ боис гардад. Боришҳои пуршиддат дар кӯҳҳо сабаби омадани тарма, сел ва резиши санг шуда метавонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳо ба минтақаҳои селхез, тармазо ва сангрез худдорӣ намоянд, муддате то беҳ шудани обу ҳаво ба ғунучини рустаниҳои дорувор, чидани занбурӯғ нараванд.

Ёдрас мешавад, ки дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода мардум метавонанд ба қисми навбатдории КҲФ то телефонҳои: 93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11 муроҷиат намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.