Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда дар Вашингтон ҳдисаи фоҷеаборе рух дод: дипломати амрикоӣ ҳамсари худ - зани 45-солаи зодаи Тоҷикистон Лола Ғуломоваро ба ҳалокат расонид. Сипас худашро низ кушт. Дар ин бора The Washington Post хабар дод.

Вақте кормандони пулис дари хонаи онҳоро шикаста медароянд, Ҷейсон Рифф аз туфанг ба сари худаш ҳам тир мезанад. Ӯ дар бемористон ба ҳалокат расидааст. Рӯзи ҷумъа додгоҳ мебоист даъвои Ҷейсон Рифф нисбат ба ҳамсари собиқашро баррасӣ мекард, иттилоъ медиҳад Аkhbor.com бо истинод ба нашрия.

Гуфта мешавад, Лола Ғуломова бояд соли оянда барои 4 сол барои кор ба Белград мерафт ва ҳарду духтарашро бо худ бурданӣ буд. Ҷейсон Рифф ба ин розӣ набудааст.

Лола Ғуломова, собиқ муҳаққиқи рақси миллӣ зодаи Тоҷикистон буда, аз ҷумлаи тоҷикҳои ангуштшуморест, ки дар Амрико ба мақомҳои баланд расидааст. Ӯ дар НАСА, сафорати Амрико дар Маскав ва дар вазорати савдои Амрико кор кардааст. Шавҳари ӯ Ҷейсон Рифф дар вазорати хориҷаи Амрико кор мекард.