Бар асари ҷанҷолу занозанӣ назди истгоҳи метрои “Электрозаводская” дар шаҳри Маскав як нафар ҳалок ва се тани дигар осеб диданд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба як манбаъ.

“Ҷанҷолу занозании дастаҷамъӣ назди даромадгоҳи метро субҳи барвақти рӯзи 19 июн рух дод. Тибқи маълумоти мавҷуда, дар он зодагони Осиёи Миёна, ки дар ҳолати мастӣ аз машрубот қарор доштанд, иштирок кардаанд”, - иброз доштааст манбаъ.

Қайд мешавад, ки дар занозанӣ то 10 нафар - зодагони минтақаи Осиёи Марказӣ иштирок доштаанд.

“Ҳодиса соати 05:30 дақиқаи субҳ дар гулгашти назди даромадгоҳ ба метро рух дода, ҳангоми ҷанҷолу занозанӣ онҳо аз чӯбу калтаку арматура ва корд истифода бурдаанд”, - қайд кардааст сарчашмаи хабар.

Бино ба маълумоти сомонаи расонаи мустақили “Ахбор”, занозанӣ байни муҳоҷирон аз Қирғизистон сурат гирифтааст. Дар видеоҳои аз ҷои ҳодиса нашршуда низ дида мешавад, ки муҳоҷирон дар назди тарабхонае бо номи "Иссиқкӯл” дастбагиребон шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.