Сокини 18-солаи пойтахт Умед Нуров нимаи дуюми рӯзи 3 июл ҳангоми оббозӣ дар дарёи Душанбе наздикии мавзеи маҷмааи табъу нашр (ГЖК) ғарқ шуд.

Баъди ҷустуҷӯи начандон тӯлонӣ кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷасади ӯро дарёфт намуданд.

“Ҷасади Умед Нуров ба кормандони милитсия супурда шуд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфӣ.

Бино ба гуфтаи ӯ, аз оғози мавсими оббозӣ дар Тоҷикистон - 1 июн то имрӯз дар кӯлу обанбор ва наҳру дарёҳои кишвар 55 нафар шаҳрвнадони кишвар ҳалок шудаанд.

Қобили зикр аст, ки бо фарорасии тобистон аксарият назди дарёву обанбор ва ҳавзҳои шиноварӣ худро аз гармии тоқатфарсо наҷот медиҳанд. Лекин на ҳама қоидаҳои бехатариро ҳангоми оббозӣ риоя мекунанд. Дар матни зер бо тарзи рафтор ва расонидани кумаки аввалия ба ғарқшуда шинос шуда метавонед.

Интихоби ҷой барои оббозӣ

- дар ҷойҳои иҷозашуда оббозӣ кунед

- қаъри обро бисанҷед, ки чизҳои тезу хатарнок ва партов надошта бошад

- ҷуқурии ҷойи оббозиро муайян кунед

- ҷойи ҳамвори оббозиро интихоб намоед

- ҳарорати обро муайян созед. Дар оби хеле сард ообозӣ тавсия дода намешавад.

Тарзи рафтор ҳангоми оббозӣ

- Аз соҳил дур шино накунед

- дар ҳолати худро хуб ҳис накардан ба об надароед

- агар ба маҷрои тез афтед, муқобили он шино накарда, бо истифода аз он ба соҳил наздик шавед

- агар ба гирдоб афтед, худро аз даст надода, бо ҳамин маҷро шино ва болои об бароед

- аз аломатҳои гузошта берун шино накунед

- зимни кашиши рагҳо тарзи шиноро тағйир дода, ба соҳил бароед

- ба киштиҳову қаиқҳо наздик шино накунед

- дар хотир дошта бошед, ки бо сабаби тағйири босуръати ҳарорат, даромадан ва паридан ба об дар ҳолати ҳаяҷоновар ба кашидашавии рагҳо, аз ҷумла асаб ва дил боис шуда метавонад

- оббозӣ баъди 1,5 соат пас аз истеъмоли хӯроки зиёд тавсия дода мешавад

- дар ҷойи бароятон ношиносу номаълум оббозӣ накунед

- пас аз гармшавии зиёд барои ба оби хунук даромадан шитоб накунед, ки беҳуш шуда метавонед

- ҳангоми оббозӣ кӯдаконро беназорат нагузоред

- аз пулчаҳову сарбанд, истгоҳ ва қаиқҳо худро ба об напартоед

Чӣ гуна метавон шахсро аз ғарқшавӣ наҷот дод

- дар хотир дошта бошед, ки нафаскаширо на дертар аз 6 дақиқа пас аз қатъи он баргардонидан имкон дорад

- сари шахсро ба паҳлӯ баргардонида даҳонро аз хоку рег ва лойқа тоза кунед, обро аз роҳҳои нафаскашӣ ва меъда берун оваред

- ба шахсе, ки ғарқ мешавад, имкон надиҳед, ки шуморо ба оғӯш гирад, назорат кунед, ки сари ӯ рӯи об бошад

- кӯшиш кунед, ки шахсро аз чуқурӣ берун оред. Ин корро муддати 10 дақиқа аз замони ғарқшавӣ давом додан лозим аст

- ҳангоми мавҷуд наудани набз (тапидани дил), ба тарзи нафасдиҳии “аз даҳон ба даҳон” оғоз кунед. Ҳамзамон масҳи берунии рӯи дил иҷро карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.