Дар натиҷаи оташ гирифтани автомашина дар “Автокалоннаи 2927” машҳур бо таваққуфгоҳи Помир-Душанбе ду ҷавон бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини бадан дар Маркази тиббии шаҳрии рақами 3 бистарӣ гардиданд, иттилоъ дод Умарҷони Эмомалӣ, сардори матбуоти ВКД.

Мавсуф, ҳодисаи дар “Автокалоннаи 2927” рухдодаро беэҳтиётӣ унвон намуда гуфт, ки:

“Ронанда ҳангоми кор кардани устои нақлиёт дар наздикии махзани сӯхт (бак)-и мошин  бо арраи барқӣ, мехост сатили маводи сӯхтро ба мошинаш бирезад. Ин ҳангом шарораи оташ парида ба маводи сӯхт мерасад, ки дар натиҷа оташ сар зада, ду нафар ҷароҳат мебардоранд”, - илова кард Умарҷони Эмомалӣ.

Ӯ илова кард, ки дар натиҷа ду ҷавон яке сокини Душанбе ва дигаре истиқоматкунандаи вилояти Бадахшон Саидраҳмонов Мурод ва Файзуллоев Насим, ки  якумин 19 ва дуюмӣ 18 сол дорад, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар шӯъбаи сӯхтаи беморхонаи раками 3 бистарӣ шудаанд. Таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.  

Аз Маркази тиббии шаҳрии рақами 3 низ ба “Азия-ПлюсП”иттилоъ доданд, ки дирӯз ду ҷавон яке бо  95 ва дуюм 75 фисади сӯхтани бадан бистарӣ гардидаанд.  

Тоҳир Зубайдов, мудири шӯъбаи бемориҳои сӯхтаи беморхонаи мазкур илова кард, беморон дирӯз ба бемрхона оварда шудаанд. Вазъи беморон вазнин арзёбӣ мешавад ва нисбати беҳбуди солимии онҳо тамоми чораҳо андешида мешаванд.

Гуфта мешавад, ки ин ҷавонон дирӯз дар нуқтаи таъмири нақлиёти “Автокалоннаи 2927” ҳангоми таъмир  бар асари таркиши автомашинаи тамғаи «Toyota Land Cruiser» ҷароҳат бардоштаанд.  

Дар расонаҳои хабарӣ навишта шудааст, ки Нарзулло Саидраҳмонов – падари Мурод дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, ки  ӯ сокини шаҳри Душанбе аст ва соҳиби мошин Сайфулло Саидраҳмонов бародараш мебошад, ки дар роҳи Душанбе-Помир таксиронӣ мекунад: «Ӯ субҳи барвақт аз Бадахшон ба Душанбе расида буд. Насим Файзуллоев хешамон аст, ӯ барои имтиҳонсупорӣ ба Душанбе омада буд».

Бино ба маълумоти хабаргузории Sputnik Тоҷикистон, сардори "Автоколлонаи 2927" Хуршед Хизиров дар суҳбат аз ҷузъиёти бештари ҳодиса изҳори бехабарӣ карда, танҳо гуфтааст, ки сабабгори сӯхтор худи ронанда шудааст. Ҳодиса аз ҷониби мақомот таҳқиқ мешавад.