Мусофирзан дар дохили ҳавопаймои ширкати S7, ки бо хатсайри Новосибирск - Якутск парвоз анҷом медод, даргузашт, хабар медиҳад ТАСС.

Шаби 7 июл ҳавопаймо бинобар сабаби бад шудани вазъи солимии мусофирзан, таъҷилӣ ба фурудгоҳи шаҳри Братски вилояти Иркутск нишастааст.

“Ин ҳодиса шаби 6 ба 7 июл рух дод. Ҳавопаймои ширкати S7, ки бо хатсайри Новосибирск - Якутск парвоз анҷом медод, таъҷилӣ ба фурудгоҳи Братск нишаст, зеро вазъи солимии як зан - шаҳрванди Тоҷикистон бад шуда, дар дохили ҳавопаймо ҷон дод”, - хабар додаанд ба ТАСС дар Раёсати минтақавии Сибири Шарқии ВКД Русия дар нақлиёт.

Аз ҷузъиёти ҳодиса алҳол маълумот дастрас набуда, зикр мегардад, ки сабабҳои даргузашти зан мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.