Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон шоми рӯзи 16 июл дар мавзеи назди бозори "Султони Кабир”ҷасади духтареро аз дарёи Душанбе берун оварданд.

Тибқи фарзияи мақомоти тафтишот, духтар даст ба худкушӣ задааст.

Дар Кумита хабар доданд, ки наздикиҳои бегоҳи рӯзи 16 июл ӯ аз пули воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ (мавзеи назди матбааи “Шарқи озод”) худро ба дарё партофтааст.

Гуфта мешавад, духтари ҳалокшуда сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт Ҳадиса Табароваи 17-сола мебошад

Далели даст ба худкушӣ задани Ҳадиса Табарова мавриди таҳқиқу тафтиш қарор дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.