Дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Колхозобод), воқеъ дар шаҳраки Ворошилов сӯхтор сар зад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Раёсати Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон хабар дод, тибқи маълумоти пешакӣ, сӯхтор бо сабаби расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар шабакаи барқи нуқта ба амал омада, хулосаи ниҳоӣ пас аз тафтишот муайян мешавад.

Бар асари сӯхтор нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ пурра ба коми оташ рафта, ҳамчунин се автомашина ва манзилҳои наздики нуқтаи аҳолии маҳаллӣ низ қисман осеб диданд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.