Панҷ  нафар кормандони взводи ҳарбии наҷоти кӯҳии КҲФ дар шаҳри Хуҷанд чаҳор тан кӯҳканҳои дар умқи 270 метр дармондаро берун оварданд ва ҷонашонро аз хатар наҷот доданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин ҳодиса рӯзи 17 июли соли равон дар майдони амудии кони №8 мутааллиқ ба ҶСК “Ангишт”-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд рух додааст.  

Гуфта мешавад, рӯзи17 июли соли равон дар майдони амудии кони №8 мутааллиқ ба корхонаи “Ангишт”-и шаҳри Исфара ҳодисаи садамаи пурхавфу хатар рух дод.

“Барои муайян намудани сабабҳои садама ва роҳандозии корҳои садамавиву наҷот ба ҷойи ҳодиса фавран 5 нафар кормандони взводи ҳарбии наҷоти кӯҳии КҲФ дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии муҳандиси минтақавии роҳандозии корҳои пешгирӣ аз ҳаводиси нохуш А.Эшонбобоев ва фармондеҳи взводи наҷоти кӯҳӣ И.Маликов эъзом гардиданд”, - омадааст дар хабари Кумита. 

Зикр мегардад, ки дар аввалин бозрасӣ маълум гардид, ки сабаби ин ҳодиса канда шудани қубури махзани интиқоли оби кони рақами 8 аз қубури гармидиҳанда будааст, ки дар натиҷаи фалокат қубур ба чоҳи кон сарозер шудааст ва роҳи хуруҷи ангиштканонро, ки ин замон дар дохил буданд, бастааст.

 

Сурат: Маркази матбуоти КҲФ ҶТ

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.