Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон байни ҷамоати Воруғ ва деҳаи қирғизии Оқсой боз муноқиша сар зад: як нафар ҳалоку даҳҳо нафар захмӣ шуданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” тариқи телефон сокинони Ворух хабар доданд.

Бино ба гуфтаи онҳо, муноқиша дар натиҷаи кӯшиши гузоштани лавҳа бо навиштаи “Оқ-Сой” дар қаламрави Ворух ба амал омадааст.

“Ин иғвоангезии навбатӣ аст, онҳо аллакай чандин рӯз ба ин кор машғуланд. Имрӯз онҳо мехостанд ки лавҳа бо навиштаи “Оқ-Сой”-ро дар қаламрави мо гузоранд. Бо ҳамин сабаб муноқиша сар зад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси шаҳраки Тоҷикони ҷамоати Ворух.

Ба қавли сокинон, бар асари ин муноқиша як нафар сокини Ворху - Ҷалол Қароев ҳалок шудааст.

Бино ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, сокинони деҳаи Қирғизистон аввал ба сӯи сокинони Ворух ба сангпартоӣ оғоз кардаанд: “Мо муқовимат кардем. Вақте ки сокинони Ворух ҷамъ шуданд, сохторҳои қудратии Қирғизистон роҳро баста, ба тирпарронӣ ба ҳаво шурӯъ намуданд”.

Сокинони Ворух мегӯянд, даҳҳо тоҷикистониён бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуда, се нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд.

“Як корманди милитсия ва беш аз панҷ нафар аҳолии маҳаллиро бо ҷароҳатҳо дар автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ ва дигар автомашинаҳои сабукрав ба беморхона оварданд”, - хабар дод шоҳиди дигари ҳодиса.

Вақте хабарнгори “Азия-Плюс” тариқи телефон бо сокинони маҳаллӣ гуфтугӯ мекард, садои тирпарронӣ шунида мешуд, ва онҳо бо ҳаросу фарёд гӯшии телефонро хомӯш мекарданд.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи 24.kg бо истинод ба Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон иттилоъ медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон пояи парчамро дар қитҳаи ҳоло таъиннашудаи сарҳад назди пояи лавҳаи “Ворух гузоштанӣ будаанд.

Қобили зикр аст, ки дар акс аз бойгонии “Азия-Плюс” дида мешавад, ки пояи парчам дар Ворух хеле пештар гузошта шудааст.

Asia-Plus

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, ки дар АМИТ “Ховар” нашр шудааст, қирғизҳо дар баробари сангпартоӣ, инчунин аз силоҳ истифода бурданд, ки бар асари тирпарронӣ 1 нафар шаҳрванди ҶТ сокини ҷамоати Ворух Қараев Ҷалол, соли таваллудаш 1967 ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар маҷрӯҳ  шуданд.

Гуфта мешавад, инчунин, дар пайи сангпартоӣ 7 шаҳрванди ҶТ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.