Ҳодисаи фоҷеабор нимаи дуюми рӯзи 27 июл дар кони тиллои “Шугнов”-и ноҳияи Ховалинг рух дод.

Ҷасадҳои ҳалокшудагон - Бобоҷон Файзуллоеви 42-сола, сокини шаҳри Кӯлоб ва Дилшод Худоиеви 31-сола, сокини ноҳияи Панҷ ба ихтиёри наздикону пайвандонашон супурда шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолтаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ.

Ҳангоми сангфароӣ яке аз сокинони маҳаллӣ ҷароҳат гирифтааст. Ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тилло воқеъ аст. Айни замон ин ҷо панҷ ширкат ба истихроҷи тило машғуланд. Ғайр аз ин, беш аз ҳазор нафар сокинони вилояти Хатлон дастӣ низ тилло ҷустуҷӯ мекунанд.

Истихроҷи тилло дар кони Шугнов охири асри 19 аз ҷониби ҳукумати подшоҳии Русия ба роҳ монда шуда буд. Тиллои ин кон беҳтарин навъи тилло дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.