Кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд сокини 37-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, духтари панҷсолаи вай ва хоҳари 12-солаашро, ки дар ҷойи мамнӯъ оббозӣ мекарданд, аз хатари ғарқ шудан наҷот доданд.

Бино ба итттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ин се тан барои истироҳат ба соҳили Сирдарё омаданд ва ҷойеро барои тафреҳ интихоб карданд, ки дар он оббозӣ мамнуъ буд.

“Вақте вориди об шуданду каме пештар рафтанд, маҷоли бозгашт наёфтанд, ҷараёни об ва умқи он онҳоро ба худ мекашид ва тадриҷан ғарқ мешуданд. Касе аз онҳо ба каси дигаре наметавонист ёрӣ расонад”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд, ки ҳамвора дар соҳилҳои рӯди Сир навбатдорӣ мекунанд, ба кӯмаки онҳо расиданд ва ин се танро аз об берун оварданд.

Қайд мешавад, ки наҷотдиҳандагон дар навбатдории шабонарӯзии худ бештар ба ҷойҳое таваҷҷуҳ мекунанд, ки оббозӣ мамнуъ аст, чун медонанд, ки сокинон бо вуҷуди огоҳиҳо он маконҳоро ҷойи тафреҳу истироҳат қарор медиҳанд ва ҳатман вориди об мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки зарфи як ҳафтаи охир наҷотдиҳандагони Воҳиди вокуниши сареъи Раёсати КҲФ дар Суғд 8 нафарр аз марги эҳтимолӣ наҷот додаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.