Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи 30 июл дар роҳи мошингарди Душанбе - Чанок рух дод, шаҳрванди 32-солаи Ӯзбекистон Азим Додобоев ба ҳалокат расид.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, нимаи дуюми ҳамин рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, сокини ноҳияи Шаҳристон Даврон Қобилови 30-сола ҳангоми ҳаракат дар қаламрави деҳаи Фирдавсӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

“Дар натиҷа он ба автомашинаи тамғаи “Шевроле-Кобалт” таҳти идораи шаҳрванди Ӯзбекистон, сокини шаҳри Намангон Азим Добоев бармехӯрад ва он ба ҷар сарозер меравад”, - гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, Азим Добоев ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Мусофири ӯ - ҳамчунин шаҳрванди Ӯзбекистон Алишер Нурматови 44-сола бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудааст.

Зимнан зикр шуд, ки ронандаи автомашинаи дигар осеб надида, ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.

Тибқи маълумоти Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, давоми 6 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар 124 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд нирифта шуда, бар асари он 49 нафар ҳалок (6 нафар ноболиғон) ва 138 нафар (20 нафар ноболиғон) ҷароҳат бардоштаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.