Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар куштор сокини 82-солаи деҳаи Чилчашмаи ноҳияи Файзободро боздошт намуданд.

Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, нимаи рӯзи 31-юл пас аз намози пешин марди пиронсол баъди муноқиша дар ҳавлии масчид бо ҳамдиёронаш - мардони 50 ва 79-сола бо корд ба қисматҳои гуногуни марди 50-сола 3 зарба ва ба гардани марди 79-сола 1 маротиба зарба мезананд.

Гуфта мешавад, дар натиҷа марди 79-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.