Рӯзи 4-уми август, соати 10.40 ҳавопаймои таълимии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғаи «Ан-2», рақами қайди РТ-15-305, соли бароришаш 1978 ҳангоми анҷом додани машқҳои нақшавӣ дар маркази таълимии «Фахробод»-и Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабабҳои техникӣ ба садама дучор гардид.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба хадамоти матбуоти Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ, зимни садама, сарнишини ҳавопаймо лейтенанти калон Давлатов Бахтиёр Ҳасанович, соли таваллудаш 1991, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе,  ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи ноҳияи Хуросон бистарӣ карда шудааст.

Гуфта мешавад, марнишини дигари ҳавопаймо Раҳматов Илҳом Дуллоевич, соли таваллудаш 1951, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дар беморхонаи болозикр вафот кард.

Ҳавопаймо 8 нафар шаҳрвандони хоҳишмандро пас аз гузаштани машқҳои таълимӣ ва ташхиси тиббӣ ба баландии 800 метр ба ҳаво бароварда, онҳоро бо истифода аз парашют ба замин мепартояд. Зимни нишаст тахминан дар масофаи 10 метр аз замин ҳавопаймо бо сабабҳои техникӣ дучори фуруди сахт гардида ба замин бархӯрдааст.

Вобаста ба сукути ҳавопаймо аз ҷониби раёсати тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тибқи қонун ҳаракатҳои тафтишотӣ гузаронида мешавад.