Дар вилояти Рязани Русия бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор бо микроавтобус 6 нафар, аз ҷумла як нафар кӯдак - ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.

Ҳодисаи садами нақлиёти пурдаҳшат субҳ тахминан соатҳои 5:00 (ба вақти Маскав) дар ноҳияи Сасово рух дода, микроавтобус бо Toyota Land Cruiser ба ҳам бархӯрдаанд.

Ҳамаи ҳалокшудагон - муҳоҷирон, шаҳрвандони Тоҷикистон: панҷ нафар калонсолон ва як кӯдак ноболиг будаанд, хабар медиҳанд ВАО-и Русия.

Боз 8 тани дигар ҷароҳат бардошта, ду нафар аз онҳо - писараки мусофир аз микроавтобус ва боз як осебдидаро дар бемористони марказаии Сасово бистарӣ кардаанд.

Фавтидагон мусофирони микроавтобуси Mercedes Vito будаанд, ки гӯё микроавтобусро фармоиш дода, он бо рақамҳои русиягӣ ҳаракат доштааст.

Иброҳим Аҳмадов, котиби матбуотии намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки шахсияти фавтидагон айни замон муайян карда мешавад. Кормандони намояндагӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд.

“Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳамаи ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, лекин воқеияти имрӯзаи Русия чунин аст, ки аксаран тоҷиконро ба ӯзбек ё озарбойҷонӣ монанд мекунанд”, - иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки маълумоти саҳеҳ дар бораи ҳалокшудагон баъдтар дастраси умум мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.