Дар кӯчаи Советская Армияи шаҳри Магнитогорск субҳи 7 август дар автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2106» таркиш рух дод. Таркиш дар мошин вақте ба амал омадааст, ки соҳиби он дарашро кушоданӣ шудааст. Ронандаи осебдида - зодаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлонро ба бемористон бурдаанд.

Тавре “Азия-Плюс” аз манбаъҳо дар шаҳри Магнитогорск огаҳӣ пайдо намуд, ҷабрдида дар шуъбаи эҳёгарии бемористони шаҳр бистарӣ аст. “Ӯро ду маротиба ҷарроҳӣ карда, вазъаш вазнин арзёбӣ мешавад”, - хабар доданд онҳо.

«Интерфакс» бо истинод ба дафтари матбуоти мақомоти прокуратураи вилояти Челябинск тасдиқ мекунад, ки бар асари таркиш соҳиби автомашина осеб дидааст.

«Имрӯз субҳ мард назди автомашинааш омада, дарро кушоданӣ мешавад, ки таркиш рух медиҳад. Айни замон бо ҷароҳатҳо аз пой ӯ дар беморхона қарор дорад”, - гуфтаанд дар мақомоти прокуратура.

Вазорати тандурустии минтақа вазъи солимии ҷабрдидаро айни замон вазнини миёна арзёбӣ кардааст.

Дар Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Челябинск аз рӯи ин далел мувофиқи моддаи “Суиқасд ба куштор, ки бо тарзи умумии хатарнок содир шудааст” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба сифати фарзияи асосии содир шудани ҷиноят фаъолияти ҷабрдида дар бозори фурӯши маҳсулот баррасӣ мешавад. Раҳбарияти Кумитаи тафтишоти минтақа таҳқиқи ҳодисаро зери назорат гирифтааст.

Нашрияи «Верстов.Инфо» бо истинод ба манбаи худ хабар медиҳад, ки иқтидори маводи таркиш начандон зиёд буда, аз ин рӯ, фарзияи амали террористӣ қобили қабул нест. Дар ҳамин ҳол, манбаъ аз эҳтимол дур надонистааст, ки ин ҷо сари хусумати шахсӣ шояд сухан равад.

Манбаи нашрияи шабакавии «74.ру» тахмин мекунад, ки сабаби таркондани автомашина муноқишаҳои дохилӣ байни иштирокчиёни диаспора буда метавонад. Худи ҷабрдида ҳеҷ касеро гумонбар намедонад ва изҳор доштааст, ки муносибатҳои шахсии хусуматомез шояд ба ин амал боис гардида бошад.

Ura.ru бо такя ба манбаъҳои худ тасдиқ намудааст, ки ин дарвоқеъ муноқишаҳо байни муҳоҷирон аст. Хотиррасон шудааст, ки аввали моҳи июл дар қаҳвахонаи назди вокзал байни ду намояндаи диаспораи тоҷикон муноқиша рух дода, дар идома ба занозании оммавӣ табдил шудааст, ки онро кормадони пулис ва ОМОН пароканда кардаанд.

Чанд рӯз пеш аз ин дар Ярмаркаи марказии шаҳрӣ, ки дар он зодагони Тоҷикистон кор мекунанд, шабона сӯхтори бузург ба амал омада, оташ хеле тез паҳн шуд. Қаблан кормандони пулис оид ба ошкор кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар бозорҳои шаҳри Магнитогорск рейд гузарониданд.

Ёдрас мекунем, ки шаби аввали соли 2019 дар шаҳри Магнитогорск бар асари таркиши газ беш аз 40 нафар, аз ҷумла оилаи Улафтовҳо - зодагони ноҳияи Кӯшониён низ осеб дида буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.