Дар ноҳияи Сангвори Тоҷикистон шаҳрванди Русия зани сайёҳ ҳалок шуд - ӯ аз пул ба дарёи Хиноб афтода, ғарқ шудаааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ.

Ин ҳодиса ҳанӯз шаш рӯз пеш рух дода, кормандони милитсия ва наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода то ҳол ҷасади Ирина Претиковаи 61-соларо ҷустуҷӯ доранд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумита Умеда Юсуфӣ.

“Претикова ҳамроҳи боз панҷ нафар сайёҳони дигар зимни гузаштан аз купрӯк дар болои дарёи шӯхи кӯҳии Хингоб дар ноҳияи Сангвор ба дарё афтода, ғарқ шуд”, - иброз дошт Юсуфӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.