Ҳавопаймои ширкати «Уральские авиалинии» дар хатсайри Душанбе - Маскав бинобар сабаби бад шудани вазъи солимии духтарчаи 13-сола дар дохили он таъҷилан ба Оренбург фуруд омад, хабар медиҳанд ВАО-и Русия.

“Ҳодиса рӯзи чоршанбе, 21 август дар хатсайри U6 2424 Душанбе–Жуковский ба амал омад. Вазъи солимии яке аз мусофирон - духтарчаи 13-сола аз бемории дил ногаҳон хеле бад шуда, роҳбари ҳайати сарнишинон тасмим гирифт, ки дар фурудгоҳи наздиктарини Оренбург ҳавопайморо фуруд меорад”, - хабар додаанд ба РБК дар хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ.

“Соати 12:10 дақиқа ҳавопаймо ба фурудгоҳи таъинот - Жуковский парвоз кард. Дар фурудгоҳ ба духтарча ёрии зарурии тиббӣ расонида шуд. Дар беморхона бистарӣ шуданро ӯ рад кард”, - хабар медиҳад ТАСС.

Дар намояндагии ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» дар Душанбе маълумотро дар бораи нишасти таъҷилии ҳавопаймои ин хатсайр ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуда, лекин аз шарҳи ҷузъиёти воқеа худдорӣ варзиданд.

“Ҳавопаймо аллакай ба Маскав парвоз кард. Мо дар бораи ин духтарча алҳол маълумот дар даст надорем. Фикр мекунам, ки ҳамааш хуб анҷом ёфтааст. Агар ӯро дар бемористон бистарӣ мекарданд, ба мо барқия (телеграмма) мефиристоданд. Ба мо дар ин хусус алҳол мактуб ё барқия нарасидааст”, - хабар дод намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон Умедҷон Лолаев.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.