Сержанти хурд Ҳадятулло Тағоев аз тири силоҳи оташфишон дар қаламрави баталйони десантиву ҳуҷумӣ (десантно-штурмовой батальон)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе ҳалок шудааст.

Ҷасади ӯ имрӯз дар зодгоҳаш - деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара ба хок супурда мешавад. Моҳи октябри соли 2017 ӯ ихтиёрӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳозир шуда, то анҷоми муҳлати хизматаш наздики 40 рӯзи дигар боқӣ монда буд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Исфара.

Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба волидони Тағоев гуфтаанд, ки ҳангоми машқҳо аз беэҳтиётӣ зимни истифода аз силоҳ ӯ аз қафаси синааш тир хӯрдааст.

Манбаъ дар мақомоти шаҳрдории Исфар иттилоъ дод, ки волидони сарбози ҳалокшуда аз ин хулосаи Вазорати мудофиа норозӣ буда, баҳри муайян кардани сабабҳои ҳақиқии марги фарзандашон ният доранд, ки ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.