“Аз 9 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар садамаи нақлиёт осеб дидаву ба бемористони Газли оварда шуданд, вазъи 1 нафар вазнин буда, мо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки ба ӯ кумак кунем, - гуфтааст Ихтиёр Абдулҳақов, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Бухоро. - Боқимонда 8 нафари дигар аз беморхона ҷавоб дода шуданд”.

Рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон дар дар ҳудуди ноҳияи Ҷондори вилояти Бухорои Ӯзбекистон як микроавтобуси тамғаи Mercedes-Benz Sprinter” бо 17 шаҳрванди Тоҷикистон ба садама дучор гардид. Автомашина бо сабаби кафидани чархи қафояш чаппа шуд.

Ба 8 мусофири микроавтобус кумаки тиббӣ лозим нашуд, вале 9 нафарро ба бемористони шаҳри Газлии ноҳияи Ромитан интиқол дода буданд.

Навори видео аз васоити ахбори умуми Ӯзбекистон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.