Бар асари садамаи нақлиёт дар Доғистони Русия зодаи 7-солаи Тоҷикистон ҳалок шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД Доғистон.

“Рӯзи 27 август ҳангоми аз хатти пиёдагард гузаштан ӯро автомашинаи «ЛАДА-217050» зер карда, аз ҷароҳатҳои бардошта кӯдак дар бемористони шаҳри Хасавюрт ҳалок шуд.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашина боздошт ва дар бозпурсӣ гуфтааст, ки кӯдакро надида, суръати мошин начандон баланд буд, лекин барои боздоштани мошин имкон надошт, зеро кӯдак ногаҳон ба роҳ баромадааст.

Нашрияи маҳалии РИА “Дербент” дар ин робита хабар медиҳад, ки бар асари ин садамаи нақлиёт духтари 7-сола - зодаи Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.