Дар шарқи ҷумҳурӣ садамаи нақлиёти марговар рух дод. Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, соати тахминан 22:20 дақиқаи рӯзи 10-уми сентябр дар қаламрави деҳаи Зиғар-Яхчисори ноҳияи Дарвоз автомашинаи тамғаи “Чакман” ба дарё сарозер шудааст.
“Ронандаи 56-солаи автомашина, сокини ноҳияи Ванҷ Нозимшо Худойдодов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба дарёи Панҷ чаппа шудааст. Дар натиҷа ронанда ва Хушбахт Бачабекови 19-сола, сокини деҳаи Барвани ноҳияи Ванҷ дар дарёи Панҷ ғарқ шуданд”, - иттилоъ медиҳад маркази матбуоти ВКД.
Ҷустуҷӯйи ҷасадҳои дар дарё ғарқшудагон идома дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.