Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта дар роҳҳои кишвар бар асари садамаҳои нақлиётӣ 4 нафар ҳалок шуданд.
Субҳи 21-уми сентябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Собир Бекматови 25-сола, сокини ноҳияи Фархор ҳангоми ҳаракат дар қаламрави деҳаи Зори Зарди ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиётӣ набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер” таҳти идораи Зувайдулло Бӯрихонови 33-сола, сокини ноҳияи Восеъ бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофирони “Опел-Астра” Бӯрихон Темуров ва ноболиғ Ёсамин Бекматова (соли таваллуд 2019) ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳолиса фавтидаанд.
Ҳар ду ронанда ва се мусофири “Опел-Астра”, аз ҷумла, Шукрона Бекматоваи дусола бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба бемористон интиқол ёфтаанд.
Рӯзи 22-юми сентябр дар шаҳри Турсунзода Муродалӣ Ҷӯраеви 38-сола аз уҳдаи идораи трактор набаромада, пиёдагарди ноболиғ Ҷӯрабек Асомиддинови 7-соларо пахш кардааст, ки дар натиҷа ӯ дар бемористон ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин рӯз дар роҳи мошингарди “Бӯстон - Азизобод”-и ноҳияи Мастчоҳ ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира” Ҳалим Саидзодаи 39-сола идораи воситаи нақлиётиро аз даст дода, ба симчӯби барқ бархӯрда, аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта дар ҷойи ҳодиса фавтидааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.